Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Ordu °C

Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ барои таъмини 18 ҳазор аҳолии шаҳри Истиқлол

Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ барои таъмини 18 ҳазор аҳолии шаҳри Истиқлол
REKLAM ALANI
01.04.2023
A+
A-

 

 

 

Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ барои таъмини 18 ҳазор аҳолии шаҳри Истиқлол

.2023 , шаҳри Истиқлол

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол хати оби нӯшокиро барои 18 ҳазор аҳолии шаҳр ба истифода супориданд.

Оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, тавассути қубури қутраш 325 миллиметра аз масофаи 7,2 километр ҷорӣ мегардад. Иншооти мазкур дар раванди созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи хати оби нӯшокӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад. Оби нӯшокӣ бо қубури асосӣ дар ҳаҷми 110 метри мукааб об дар як соат ба обанбори “Офтобак”-и шаҳр, интиқол дода мешавад.

 

 

 

 

 

Дар обанбори мазкур ду ҳавз бо иқтидори ғунҷоиши 2000 метри мукааб об ҷойгир аст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, барои саривақт ва дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ ҷалб карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки қаблан сокинони шаҳри Истиқлол, ки беш аз 18 ҳазорро ташкил медиҳад, аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашид ва акнун, дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани лоиҳаи мазкур сокинон бо оби нӯшокӣ пурра таъмин шуданд.

Дар доираи амалишавии лоиҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ шафати кӯчаҳо, дохили биноҳои истиқоматӣ, иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзишу хизматрасонии ҳудуди шаҳри Истиқлол дар умум ба масофаи 11,2 километр хати оби нӯшокӣ кашида шудаааст.

Маврид ба ёдоварист, ки иқдоми беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи барномаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии беш аз 18 ҳазор аҳолии шаҳри Истиқлол амалӣ карда шуд.

Обанбори асосии хати оби нӯшокӣ дар масоҳати қариб як гектар ҷойгир ва дорои биноҳои безараргардонӣ ва такшинкунонии оби нӯшокӣ буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва маводи зарурӣ таъмин мебошад.

Иқтидори ғунҷоиши об дар ду ҳавзи обанбор 1000 метри мукааб буда, таъминоти об тавассути ду насоси боиқтидор ба обанбори “Офтобак” интиқол меёбад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи обрасонӣ ба аҳолӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд ва дар ин радиф корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба истифодаи босамари об дар байни сокинон низ гузаронида шавад.

facebook

kaynak:http://www.president.tj/node/30343?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.