Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Ordu °C

Ба истифода додани Корхонаи нассоҷии ҶДММ «Арвис» дар шаҳри Душанбе ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона

Ба истифода додани Корхонаи нассоҷии ҶДММ «Арвис» дар шаҳри Душанбе ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона
REKLAM ALANI
01.11.2023
A+
A-

 

 

 

Ба истифода додани Корхонаи нассоҷии ҶДММ «Арвис» дар шаҳри Душанбе ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона

2023 , шаҳри Душанбе

 

 

 

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулиятимаҳдуди “Арвис”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.

Корхонаи нав, ки дар асоси технологияи замонавӣ бунёд гардидааст, ба истеҳсоли матои патдор ва маҳсулоти тайёри патдор, аз қабили намудҳои гуногуни сачоқ, халат барои тамоми синну сол ва дигар номгӯи маҳсулот машғул мебошад.

Корхонаи нассоҷии “Арвис” имкон дорад, ки дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагинро коркард намуда, аз он маҳсулоти патдор истеҳсол ва бо сифати баланд ва тарҳу шакли бозоргир пешниҳоди харидорон намояд.

 

 

 

Дар оянда содироти маҳсулоти тайёри ҷамъият низ марҳила ба марҳила дар назар дошта шудааст, зеро дастгоҳу таҷҳизоти корхона имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоии ондар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда шавад. Айни замон корхонаи нав истеҳсоли 500 номгӯйи маҳсулоти нассоҷиро роҳандозӣ намудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона дастгоҳҳои муосири нассоҷӣ аз кишварҳои Белгия, Олмон, Туркия, Ҷопон ва Корея харидориву насб шудааст ва онҳо имконияти хуби таъмини сифати баланди маҳсулоту рақобатпазир будани онро доранд. Корхонаи нассоҷӣ дорои коргоҳҳои тортанӣ, суфтакунӣ, бофандагӣ, рангубор, тарроҳӣ ва дӯзандагӣ буда, фаъолияти он ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, роҳандозии раванди пурраи коркарди пахта дар дохили кишвар ва истеҳсол намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст.

 

 

Ифтитоҳи корхонаи нави нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе боиси таъмини 600 нафар сокини маҳаллӣбо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид, ки аксарашонро бонувон ташкил медиҳанд.

Дар Корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис” истеҳсоли матоъ, рангубори он, нармкунӣ ва омодасозии маҳсулоти ниҳоии баландсифат роҳандозӣ шудааст.

Рангу бори маҳсулот низ дар дохили корхона ба роҳ монда шуда, таҷҳизоти васлгардида иқтидор дорад, ки дар 1 шабонарӯз то 15 ҳазор килограмм матоъро рангу оро диҳанд.

Аснои боздид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳи тарроҳӣ ва конструктории корхонаи мазкур имконият дорад, ки дар 1 шабонарӯз то 15 тонна матоъро ба таври худкор бурида, омода созад.

Корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис” дорои сехи алоҳидаи дӯзандагӣ буда, дӯхтани маҳсулоти ниҳоӣ мувофиқи тарҳи пешбинигардида дар ҳамин ҷо анҷомдода мешавад.

 

 

 

Ин коргоҳ дорои 88 дастгоҳи замонавии дӯзандагӣ, таҷҳизоти дарзмолкуниву нармкунӣ буда, маҳсулот мувофиқи фармоиши мизоҷон ва талаботи бозорҳои истеъмолӣ омода карда мешавад.

Таъмини шароити мусоиди корӣ дар корхонаи навтаъсис дар мадди аввал қарор дошта, дар ин ҷо кормандон бо либоси корӣ ва нақлиёти хизматӣ таъмин буда, ошхонаи барҳаво бо 300 ҷойи нишаст дар ихтиёри онҳо қарор дорад. Ҳамчунин ҳуҷраҳои кории кормандон, роҳрав ва ҳудуди бинои маъмурӣ бо шаклу услуби хос ва завқи баланд оро ёфтааст.

Корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис” дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба амалишавии тадбирҳо дар роҳи рушд додани соҳаи саноат ва истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ боис мегардад.

 

 

 

Дар ҳудуди иншоот мағозаи алоҳидаи фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ бунёд гардидааст, ки дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣаз намоиши маҳсулоти тайёри корхонаи мазкур дидан намуданд.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хатҳои муосири истеҳсолии корхона ва сифати маҳсулоти ниҳоии он баҳои баланд дода, ба масъулин барои назорати сифат ва давра ба давра роҳандозӣ намудани содироти маҳсулот ба дигар кишварҳодастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/31789?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.