Паёми – Ordu Hakimiyet

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»

28.12.2024 -шаҳри Душанбе

28 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доштанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур шумурданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмини нишондиҳандаҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободонии шаҳру деҳоти кишвар мусоидат намуд.

Аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ёдовар шуда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба – солҳои 2020, 2022, 2023 ва 2024 дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Баҳри иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушд бахшидан ба иқтисоди кишвар дар соли 2025 вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки то охири соли 2025 лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030” таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб “Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ” таъсис дода шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур шумурданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо боз ҳам маҳдуд карда шавад.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатӣ аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар кишвар беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Вазорату идораҳои дахлдор супориш гирифтанд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди “энергияи сабз” супориш доданд, ки дар соли 2025-ум лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ” ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомаллӣ Раҳмон вазъи соҳаи роҳу нақлиётро таҳлил намуда, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии онро яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.

Дар баробари ин, вазорату идораҳои марбута супориш гирифтанд, ки барои татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ намояд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ ба вазорату идораҳои давлатӣ дастур доданд, ки тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созанд.

Зимни таҳлилу баррасии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти кишвар таъкид доштанд, ки соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки дар ин зимн, Ҳукумати кишвар дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда истодааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин супориш дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.

Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои марбутаи соҳаи маориф аз Сарвари давлат дастур гирифтанд, ки рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд.

Роҳбари давлат зарур шумурданд, ки “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030” дар муддати ду моҳ таҷдиди назар гардида, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.

Дар робита ба рушд бахшидани соҳаи фарҳанг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024 ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод.

Гуфта шуд, ки тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд.

Роҳбари давлат аз ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ёдовар шуда, ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводи зарурӣ омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Ба андешаи Сарвари давлат дар соли 2025 барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ба роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои ин соҳаро таъмин намоянд.

Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолиро Пешвои миллат яке аз ҳадафҳои стратегии давлат арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст.

Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар намоянд.

Роҳбари давлат ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Сарвари давлат мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба охир мерасад.

Бино бар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон миннатдории худро изҳор доштанд.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон ба таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад.

Аз ин ру гуфта шуд, ки ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.

Зимни таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки – “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои олам омодагии хешро барои идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор менамояд”.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки мо минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкории созандаву дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳои олам ва шарикони байналмилалии худ тадбирҳои зарурӣ меандешем.

“Дар ин росто, кишвари мо робитаҳои худро бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ талош меварзад”- иброз доштанд Роҳбари давлат.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.

Kaynak:https://www.president.tj/event/news/49227

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 декабр дар бинои намояндагӣ бо иштироки кормандони сафорат, шаҳрвандон, донишҷӯён ва шунавандагони вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилии кишвар, ки дар мактабҳои олии низомии Ҷумҳурии Туркия таҳсил менамоянд, тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” сурат гирифт.

Ҳамзамон пас аз пахши мустақим вобаста ба нуқтаҳои асосии паёми роҳбари давлат ва дигар мавзуҳои мубрами рӯз бо иштирокчиён суҳбат доир гардид.

Абдуллоҳ Йигит – Анкара

Паёми шодбошӣ ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Паёми шодбошӣ ба ифтихори Наврӯзи соли 2024

2024 , шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

On March 20, the President of Tajikistan Emomali Rahmon, sincerely congratulated citizens of the country,  compatriots living abroad, the peoples of Navruz civilization area on coming of spring and celebration of International Navruz. pic.twitter.com/2n55ubQTMO

— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) March 20, 2024

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям.

On March 20, the President of Tajikistan Emomali Rahmon, sincerely congratulated citizens of the country,  compatriots living abroad, the peoples of Navruz civilization area on coming of spring and celebration of International Navruz. pic.twitter.com/2n55ubQTMO

— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) March 20, 2024

Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст.

Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.

Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад.

Мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.

Тайи ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла мо – тоҷикон ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқуъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, ба шумули Наврӯз гардидаанд.

Вале Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ дар тору пуди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар миёни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад.

Зеро Наврӯз моҳиятан ҷашни мардумӣ ва ойини сирф табиӣ мебошад.

Мехоҳам таъкид намоям, ки далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз робитаи мустақими он бо табиат ва инсон, пайванди он бо суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ мебошад.

Наврӯз дар асл ҷашни зиндагисоз аст.

Дар айёми Наврӯз табиат эҳё шуда, маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷону рӯҳи инсон ҳам умеди тоза ба зиндагӣ кардану эҷод намудан ва обод кардану зебоӣ офаридан дигарбора зинда мегардад.

Замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба корҳои баҳорӣ оғоз мекунад, бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмин намудани баракати дастурхони мардум ба замин дона мепошад.

Тозаву озода кардани манзили зист, аз ҷумла хонасафедкунӣ, ба умеди файзу баракат ва нуру рӯшноӣ берун баровардани шикастпораҳао ва аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омода кардани ҳар гуна таомҳои миллӣ аз ҷумлаи анъанаҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро аз қадим то имрӯз риоя мекунанд.

Муқаддас донистану эҳтиёт кардани табиат, поккории ҷӯйбору чашмаҳо ва тоза нигоҳ доштани дарёву обанборҳо барои мардуми бостонии мо суннати дерина ва бисёр муҳим мебошад.

Бояд гуфт, ки дар масири таърихи тӯлонии халқамон Наврӯзи Аҷам дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро ташкил додааст.

Агар забони тоҷикӣ ҳомии осори фаровону ҷовидонаи илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми мо бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаву нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, мо бояд ба хотири ҳифзи асолати худ ба ин арзишҳои бебаҳои миллиамон ҳамеша арҷ гузорем ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

Барои ин ҳоло тамоми заминаҳои зарурӣ муҳайё мебошанд.

Неъмати истиқлолу озодӣ ва оромиву суботи ҷомеа ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши таърихи пурғановати миллатамон, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва таҷлили густурдаи ҷашнҳои асили миллии Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон ва эҳёву оммавӣ гардонидани онҳо тамоми заминаву имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз соли 2010 дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ин ҷашни бостонӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд.

Тавсеа пайдо кардани фарҳанги наврӯзӣ ҳамовозии давлатҳои ҳавзаи Наврӯзро ба вуҷуд оварда, роҳро барои муколамаву гуфтугӯҳо ва ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангиву ҳунарӣ ҳамвор сохт.

Хотирнишон менамоям, ки ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ мебошанд ва аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ, яъне офаридани зебоӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят менамоянд.

Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад.

Мо бояд ин ойину арзишҳоро ҳамарӯза риоя намоем, муҳити зист, яъне кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳалли зист, шаҳру ноҳия, инчунин, роҳҳои кишварамонро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем ва сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам сарсабзу хуррам ва дилкашу хушнамо гардонем.

Чунки ин корҳо нишондиҳанда ва баёнгари тамаддуни деринаи мо ҳамчун миллати ободгару созанда мебошанд.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки дар фарҳанги тоҷикон амалҳои некиву накукорӣ ва ботину қалби пок доштан анъанаи дерина буда, аз шиори аҷдоди некномамон – пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек сарчашма мегиранд.

Ҳамватанони азиз!

Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни марди деҳқон – давомдиҳандаи кори Бобои Одам ба ҳисоб меравад ва бо соҳаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад.

Ин аст, ки марди деҳқон омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашад.

Солҳои охир бо сабаби мураккабу ноором гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, инчунин, паҳн шудани бемориҳои сироятӣ таъминоти аҳолии сайёра бо озуқаворӣ торафт мушкил гардида истодааст.

Дар кишвари мо низ камобӣ идома дошта, бориши барфу борон нисбат ба соли гузашта 70 фоиз кам мебошад.

On March 20, the President of Tajikistan Emomali Rahmon, sincerely congratulated citizens of the country,  compatriots living abroad, the peoples of Navruz civilization area on coming of spring and celebration of International Navruz. pic.twitter.com/2n55ubQTMO

— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) March 20, 2024

Тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо соли 2024 ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маводи ғизоӣ нисбат ба солҳои гузашта бо вазъияти боз ҳам мушкилу вазнинтар рӯ ба рӯ мегардад.

Имрӯз сокинони беш аз 80 кишвари дунё аз мушкилоти қаҳтиву гуруснагӣ азият мекашанд.

Бинобар ин, мо бояд аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда, табиату иқлими мусоиди кишвар ва махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ оқилонаву самаранок истифода барем.

Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Ҳамчунин, мо бояд бо дарназардошти шароити замона анъанаҳои неки гузаштагони худ – сарфаю сариштакориро риоя намоем, ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳем, ба хотири ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани кишварамон талош намоем.

Бовар дорам, ки дар соли нави аҷдодӣ мардуми сарбаланди мамлакат ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам бештар кор мекунанд ва заҳмат мекашанд.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, ҳамдиёрони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро бо фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди мамлакат тандурустӣ, зиндагии босаодат ва ба мардуми сайёра сулҳу оромӣ орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ – Соли нави аҷдодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

kaynak:http://www.president.tj/node/32977

On March 20, the President of Tajikistan Emomali Rahmon, sincerely congratulated citizens of the country,  compatriots living abroad, the peoples of Navruz civilization area on coming of spring and celebration of International Navruz. pic.twitter.com/2n55ubQTMO

— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) March 20, 2024

Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз https://t.co/wCrjrWG8fq

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 20, 2023

Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

20.03.2023 , шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ – ойини баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат самимона табрик мегӯям.

Дар айёми омодагӣ ва таҷлили ҷашни Наврӯз мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ барои таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва маросиму ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва оммавӣ гардонидани онҳо имконият пайдо кардем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо на танҳо ҷашну ойинҳои бостониамонро эҳё намудем, балки онҳоро ҳамчун падидаҳои дорои аҳаммият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардем.

Соли сездаҳум аст, ки Наврӯз – ҷашни бостонии миллии мо ва мардумони ҳавзаи тамаддуни он дар миқёси байналмилалӣ таҷлил мегардад.

Наврӯз мисли дигар ҷашнҳои аҷдодии мо ҳикмату фалсафа ва аҳаммияти бузурги илмӣ дорад.

Омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун будани Наврӯз яке аз бузургтарин ҳикматҳои он ба ҳисоб меравад, ки дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза бисёр муҳим мебошад.

Густаришу ситоиши хираду дониш ва муҳаббату самимият дар байни одамон, сулҳу субот миёни қавму миллатҳо ва шодиву нишоти ҳамаи афроди ҷомеа моҳият ва фалсафаи зиндагисози Наврӯз аст, ки тайи ҳазорсолаҳо ба мардуми мо ва халқҳои дигар хизмат кардааст.

Қобили зикр аст, ки маҳз ҳамин хусусиятҳои Наврӯз дар замири мардуми мо инъикос ёфта, аҳли башар тоҷиконро ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз мешиносанду эҳтиром менамоянд.

Воқеан, Наврӯз бо ойину анъанаҳои деринаи маънавии он ҷашни моҳиятан ва аслан фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, мо Наврӯзро дар баробари ҷашни истиқлол азизу гиромӣ медорем ва ин ду ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва тантанаву самимияти беандоза таҷлил менамоем.

Наврӯз тарғибгари арзишҳои таҳаммулгароӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногуншаклии фарҳангӣ ва сулҳу созиш мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ин ҷашни бостониро хурду бузурги мардум, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ, бо шодиву нишот ва дастҷамъона таҷлил мекунанд.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ҳамин хусусияту арзишҳои Наврӯз ҳангоми қабули пешниҳоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни он доир ба мақоми байналмилалӣ додан ба ин ойини бостонӣ нақши ҳалкунанда бозиданд.

Эҳёи Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

Зеро мо – тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун буда, ба арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва зебоипарастиву созандагӣ ҳамчун асоси маънавиёти миллиамон ҳамеша арҷ мегузорем.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки мардуми заҳматпешаву созандаи мо дар баробари эҳё намудани суннатҳои наврӯзӣ дар давраи омодагӣ ба ин ҷашн ба тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зисти худ, боз ҳам ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо ва бунёди боғҳои нав таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.

Воқеан, бо фарорасии баҳор ва омадани Наврӯз на танҳо табиат зинда мешавад, балки дар қалби инсонҳо низ меҳри заҳмату талош ба хотири ободиву беҳтар намудани шароити зиндагӣ даҳчанд мегардад.

Қадамҳои зиндагибахши Наврӯз баъди фасли сармо ҳамчун рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва рӯшноӣ бар торикӣ рӯҳи инсонҳоро болида ва қалби онҳоро саршор аз фараҳу шодӣ ва умеду орзу мегардонад.

Наврӯз, инчунин, ҷашни кишоварзон аст ва онро аз ҳама бештар аҳли киштукор, яъне рӯзирасонҳои мардум интизорӣ мекашанд.

Бовар дорам, ки кишоварзони асили мо имсол низ ба хотири фаровонии дастурхони мардум корҳои баҳориро вусъати бештар мебахшанд ва ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон замина мегузоранд.

Хусусан, дар шароите, ки бар асари буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он – камобиву хушксолии паёпай, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ раванди камчин шудани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо идома дорад, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, аз обу замин самаранок истифода бурда, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, фаровонии бозори истеъмолӣ ва рӯзгори осудаи аҳолии кишварамонро таъмин намоем.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки имсолу соли оянда вазъи ҷаҳон дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ боз ҳам мураккабу вазнин мегардад.

Бинобар ин, мо бояд ҳар як ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда, кишти такрориро васеъ ба роҳ монем, аз заминҳои обӣ ҳатман ду – се ҳосил рӯёнем, фикри аҳли оила, фарзандон ва ҷомеаи худро кунем.

Соли гузашта кишоварзони мо содиқона заҳмат кашиданд ва дар кишвар захираи кофии маводи ғизоӣ фароҳам оварда шуд.

Дар натиҷа мардуми мо фасли тирамоҳ ва махсусан, зимистони сардро ба осонӣ ва бе мушкиливу муҳтоҷӣ гузарониданд.

Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки бо дарназардошти шароити вазнини ҷаҳони муосир мо бояд сарфаю сариштакор бошем ва ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ надиҳем.

Мардуми мо аз қадимулайём хони наврӯзиро бо меваю шириниҳои дастӣ ва таомҳои аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омодашуда меоростанд.

Мо бояд ин анъанаи хуби аҷдодиро идома диҳем.

Дигар ин ки ба тарзи либоспӯшии миллии худ, ки мисли баҳор бисёр зебо мебошад ва эҳё кардану рушд додани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла таомҳои миллӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем.

Инчунин, ба таълиму тарбияи фарзандонамон ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар барои онҳо бо масъулияти баланд муносибат кунем.

Ҳамватанони гиромӣ!

Чунонки медонед, то имрӯз якчанд ташаббусҳои инсондӯстонаи Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ шуда истодаанд.

Мояи ифтихору сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалии имсола рӯзҳои 22 – 24-уми марти соли 2023 дар заминаи татбиқи ташаббуси Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 дар шаҳри Ню-Йорк бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад.

Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз https://t.co/wCrjrWG8fq

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 20, 2023

Қобили зикри махсус аст, ки ин рӯйдод эътирофи саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти глобалӣ мебошад.

Ҳамчунин, бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва муқаррар гардидани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» далели возеҳи робитаи амалҳои башардӯстонаи мо бо ҷашни пайванди инсон ва табиат, яъне Наврӯзи байналмилалӣ, ҳифзи захираҳои об ва муҳити зист буда, албатта, боиси сарфарозиву қаноатмандии шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

Итминон дорам, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои мубораки худ ба мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ гузошташуда фатҳу кушоишҳои нав хоҳад овард.

Ҳамватанони азиз!

Яке аз рамзҳои Наврӯз оростани хони идона ва ба намоиш гузоштани навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ба бар намудани либосҳои миллии идона ва пешкаш кардани дастранҷи ҳунармандони чирадаст ба ҳисоб меравад, ки инъикосгари фарҳанги ғании рӯзгордорӣ, либоспӯшӣ ва ҳунармандии тоҷикон мебошанд.

Зарур аст, ки ҳангоми баргузории чунин чорабиниҳо ба мазмуну муҳтаво ва сатҳу сифати онҳо, инчунин, ғановату зебоии фарҳанги асили аҷдодӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки мардуми мо табиатан тозагиву озодагиро дӯст медоранд.

Ойинҳои наврӯзӣ низ тозагии ботину зоҳири инсонро тарғиб мекунанд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд дар айёми наврӯзӣ ва чорабиниҳои ҷашнӣ хонаву кошона ва деҳаву маҳалли зисти худро тозаву озода нигоҳ дошта, ҳамчунин, қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро ҷиддӣ риоя намоем.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мо – мардуми Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукронаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем ва кору фаъолияти созандаи худро ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ вусъат мебахшем.

Мо бо заҳмати аҳлона ба тамоми ҳадафҳои неки худ мерасем, Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро дар ояндаи наздик ба як мулки ободу пешрафта табдил дода, нуфузу обрӯи онро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми мардуми кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик тандурустӣ, саодати рӯзгор, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Соли нави аҷдодӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

kaynak:http://www.president.tj/node/30231?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз https://t.co/wCrjrWG8fq

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 20, 2023

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар https://t.co/GPuOsHCAw7

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 7, 2023

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар

.2023

шаҳри Душанбе

Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи модар, ки ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, сидқан шодбош мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.

Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи модар рамзи ҳамоиши ду неруи бузурги зиндагиофар аст.

Зеро агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан – модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад.

Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад.

Тамоми бузургони оламро, ки хизматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор мекунад, модар ба дунё овардааст ва дар оғӯши пурмеҳри худ парваридааст.

Бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар дар кишвари мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад.

Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд.

Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон намоям, ки кӯшишу талоши модари тоҷик ба хотири рушди маънавиёти оила ва ҷомеа, ташкили оилаи солим, тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони солиму солеҳ, соҳибмаърифату соҳибкасб ва созандаву ободгар воқеан қобили ситоишу қадрдонист.

Далели бебаҳс аст, ки симои занони соҳибмаърифат, ҷасуру далер ва адолатпарвари тоҷик аз паси садсолаҳо дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи халқамон ба мардуми мо тавону неру мебахшад.

Занону бонувон ва хоҳарону духтарони мо имрӯз бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басо арзишманд доранд.

Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст.

Мо ҳамеша ба масъалаи беҳбудии вазъи занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷиби онҳо заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам меоварем.

Аз ҷумла ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон ҳоло тамоми заминаву имкониятҳои муосири қонунӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид.

Илова бар ин, тибқи супоришҳои дар паёмҳои қаблии Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 қабул карда шуд.

Фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои инкишоф ва истифодаи ҳарчи бештари қобилияти занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ҳадафи асосии ҳуҷҷатҳои зикршуда мебошад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ идома дорад.

Имрӯз занону бонувони тоҷик ҳамчун аъзои Ҳукумат ва вакили парламент, инчунин, дар мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ масъулияти идоракуниро бошарафона иҷро мекунанд.

Онҳо дар баробари ин ки сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд.

Ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд.

Занону бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, хизматрасонии иттилоотӣ, бонкдорӣ ва дигар бахшҳо аксариятро ташкил медиҳанд.

Дар бунёди иншооти муҳимми аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» 900 нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд.

Ҳамчунин, 25 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ва 23 фоизи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ занону бонувон мебошанд.

Занону бонувони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ собит намуданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва соҳаи кишоварзӣ таҷрибаву маҳорат ва малакаву қобилияти баланд доранд.

Мо хуб дарк мекунем, ки модари озоду солим ва донишманду эҷодгар сарчашмаи хонаи обод, ҷомеаи солим, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради халқи эҷодгар ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад.

Соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону бонувон асоси оилаи солим ва албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Яъне ҳар чӣ қадар, ки духтарон ва занону бонувон босаводу соҳибмаърифат бошанд, оилаҳо солиму мустаҳкам, фарзандон таълиму тарбиядида ва ҷомеа пешрафта мегардад.

Дини мо, ҳидоятҳои хирадмандонаи бузургони мо ва табиати ҳуқуқии давлатамон моро вазифадор кардаанд, ки барои саводнокии духтарону бонувон дар баробари мардон чораҷӯиҳо намоем.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо барои таҳсили духтарон ва афзоиши шумораи мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби онҳо, хусусан, духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тамоми шароити заруриро муҳайё кардаем.

То имрӯз садҳо ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла даҳҳо ҳазор тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун бо азму талош ва ташаббусҳои созанда фаъолият карда истодаанд.

Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст, ки ҳоло танҳо дар соҳаи маориф ва илми мамлакат ҳазорон нафар занону духтарон муваффақона кору фаъолият доранд.

Донишомӯзии духтарон муҳимтарин манбаи рушди давлат ва неруи бузурги пешрафти ҷомеа мебошад.

Раванди баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ як нуктаи бисёр муҳимро собит менамояд, ки дар натиҷаи муносибати ҷиддии модарону бонувони мо дар масъалаи китобхонии фарзандон, хусусан, аз байни духтарон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд ва мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Мо ифтихор дорем, ки духтарони тоҷик дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ ғолиб омада, парчами давлати тоҷиконро баланд мебардоранд.

Модарону бонувон як масъалаи муҳимро бояд дар хотир дошта бошанд, ки мо дар асри пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияҳо зиндагӣ дорем.

Агар мо хоҳем, ки фарзандонамон дар ҳаёти ояндаи худ азияту муҳтоҷӣ накашанд, бояд ба онҳо барои омӯхтани илму дониш, махсусан, илмҳои риёзиву дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароит фароҳам созем.

Ман дар суханрониҳои худ борҳо хотирнишон кардаам ва ҳоло мехоҳам бори дигар бо ифтихор иброз дорам, ки модарону бонувон ва духтарони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлату миллат ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру таҳаммул, хираду тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимоди давлат ва ҷомеа будани худро борҳо исбот намудаанд.

Модарону бонувон дар ҷомеаи мо, дар ҳақиқат, неруи бузурги созанда, тарбиякунанда ва пешбаранда мебошанд.

Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бо эътимоди комил иброз медорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти давлат, ободии Ватан ва осудагии ҷомеа нақши шоистаи худро мегузоранд.

Бовар дорам, ки занону бонувони мо барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳангии бегона фаъолона саҳм мегузоранд.

Дар ин рӯзи саид ба модарону бонувони азизи кишвар муроҷиат карда, мехоҳам хотиррасон намоям, ки амонати вазнини инсонсозӣ, яъне ташаккули инсони солеҳу солим маҳз ба дӯши шумо гузошта шудааст.

Бинобар ин, кӯшиш намоед, ки ин рисолати зиндагисозро бо масъулияти баланд дар назди имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат ба иҷро расонед.

Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир муносибати бисёр ҷиддӣ зоҳир кардан ба тарбияи фарзандон, аз роҳи бад, махсусан, ҷинояткорӣ ва пайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ баргардонидани наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад.

Ҳамчунин, мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобии паёпай, ки инсониятро бо душвориҳои ҷиддии таъминоти маҳсулот, аз ҷумла маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ кардааст, модарону бонувони арҷмандро ҳушдор медиҳад, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бовар дорам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш саъю талош хоҳанд кард.

Дар робита ба ин, бо ифтихору қаноатмандӣ ёдовар мешавам, ки занону модарони мо ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бештар мерасанд ва ин неъмати бебаҳои бадастовардаи давлату миллатро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекунанд.

Мо вазифадорем, ки модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем ва кӯшиш намоем, ки модарону бонувон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд.

Бори дигар тамоми занону модарони азиз ва бонувону хоҳарони арҷманди кишварро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустиву хушбахтӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Рӯзи модар муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

kaynak:http://www.president.tj/node/30154?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар https://t.co/GPuOsHCAw7

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 7, 2023

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон https://t.co/CLWwftVjdB

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) December 23, 2022

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.12.2022 , шаҳри Душанбе

23 декабри соли 2022 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23.12.2022

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/29826?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон https://t.co/CLWwftVjdB

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) December 23, 2022

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон https://t.co/Lw0m3C76sA

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) December 15, 2022

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

15.12.2022    шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Дирӯз, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд.

Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.

Дуввум ин, ки аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад.

Чорум, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Бовар дорам, ки дар чаҳорчӯби ин Конфронс стратегия, харитаи роҳ ва дигар санадҳои лозимаи байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия ва тасдиқ хоҳанд шуд.

Тавре ки ба ҳама маълум аст, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.

Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд.

Мо хушҳол аз онем, ки ташаббуси мо бо дарки масъулият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии ҳаматарафа ёфт.

Бинобар ин, аз фурсат истифода бурда, ба тамоми кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои он ва дигар ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ, ки барои дастгирӣ намудани ин ташаббуси мо дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мусоидат карданд, аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон сидқан изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бо камоли ифтихор ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ ва муҳим, яъне қабул гардидани қатъномаи саривақтии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии мо дар мавзӯи обу иқлим мебошад, самимона табрик мегӯям.

Бешубҳа, қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Итминони комил дорам, ки Тоҷикистон дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим ва мавзӯъҳои дигари рӯзномаи байналмилалӣ минбаъд низ ба ҳайси кишвари ташаббускор боқӣ хоҳад монд.

kaynak:http://www.president.tj/node/29795?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон https://t.co/Lw0m3C76sA

— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) December 15, 2022