Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Ordu °C

Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
REKLAM ALANI
02.04.2023
A+
A-

 

 

 

Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

.2023 , ноҳияи Ҷаббор Расулов

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳиро ба истифода дода, аз намоиши дастовардҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” боздид намуданд.

Ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар масоҳати 1 гектар ташкил гардида, дар онҳо парвариши 100 ҳазор моҳича ба роҳ монда шудааст.

Ин тадбир аз иқдомҳои муҳим дар самти амалишавии “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” маҳсуб ёфта, барои таъмини ҳадафи стратегии амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротӣ мусоидат мекунад.

Бо ифтитоҳи ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 12 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, тибқи нақша соли аввал истеҳсоли 100 тонна гӯшти парҳезӣ дар назар аст.

Дар асоси тавсияи мутахассисон бо мақсади зиёд намудани кислород, ки дар инкишофи моҳӣ нақши муҳим дорад, аз хориҷи кишвар 10 аэратор ворид ва дар ҳавзҳо гузошта шудааст.

Дар як қисми ҳавзҳо ҳамчун таҷриба парвариши тосмоҳӣ (остёра) низ ба роҳ монда шудааст, ки ба таъкиди масъулон натиҷаҳои хуб ба назар мерасад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 29 июли соли 2021 дар масоҳати 40 садяк замин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

Ба андешаи масъулон баъди ифтитоҳи нахустин хоҷагии гулмоҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пешравиҳои назаррас дар соҳаи моҳидорӣ ва моҳипарварӣ дар ҳудуди вилояти Суғд ба миён омад.

 

 

 

 

 

 

Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми ҳавзҳои моҳипарварии “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷалби 50 нафар мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хайри Сафо” дар давоми 6 моҳ бо сифати баланд ба анҷом расонда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки то соли 2025 дар ҳамаи беш аз 3 гектар заминҳои “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳавзҳо таъсис дода шуда, дар марҳилаи сеюм асосан парвариши тосмоҳӣ ба роҳ монда мешавад. Бо пурра ташкил намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ иқтидори истеҳсолӣ то 500 тонна дар як сол расонда хоҳад шуд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов имрӯз 5 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дорад ва соли гузашта наздики 38 тонна маҳсулот истеҳсол гардидааст. Моҳипарварони ноҳия соли равон 2,8 тонна гушти парҳезӣ истеҳсол кардаанд ва то охири соли равон истеҳсоли 45 тонна маҳсулот дар назар аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ аз намоиши дастовардҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ беш аз 10 зоти моҳӣ, консерваҳо аз моҳӣ, моҳиҳои дудандохташуда, хӯрокаи он ва харитаи ҷойгиршавии “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муаррифӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик”-ро дар самти мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, амалисозии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ боиси дастгирӣ арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30412?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.